ТТЭ ҲНИ ва «Паймони миллии Тоҷикистон» ғуломонва бозичаи дасти хориҷиён


Дар зиндагӣ воқеаҳое ба вуқӯъ меоянд, ки инсони
солимандешаро дар канор монда наметавонад. Ҳар инсон
бояд бетарафӣ зоҳир нанамояд ва бар зидди он муборизаи
беамон барад.
Терроризм ва экстремизм имрӯз ҷаҳониёнро нигарон
кардааст. Зеро аз дасти ин гуна ашхос ҳазорон одамон
қурбон мешаванд. Амали нангини ин идда ҳатарбору
марговар аст. Кас бовар намекунад, ки аз инсон ин гуна
амалҳои ваҳшиёна меояд.
Воқеаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, оинаи ҷаҳоннамо
нишон дода мешаванд, дар матбуоти даврӣ мунташир
мегарданд, гувоҳи он аст, ки терроризм миллат ва дину оин
надорад. Онҳо барои як табақаи муайян нигаронида шудаанд.
Кушторҳову турктозиҳои эшон барои амалӣ намудани
мақсадҳои нопоки хориҷиёнанд ва шарм накарда, ба номи
Худо ба мақсадҳои худӣ мерасанд.
Ба гуфтаи хоҷаҳояшон рафта, ҳамватани худ,
мусулмононро ваҳшиёна қатл менамоянд. Мусулмонӣ ҳеҷ гоҳ
ба бегуноҳ куштани нафаре амр нанамудааст. Мутаассифона,
ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи мо ҳам дида мешавад.
Чандин ҳамватанони мо дар кишварҳои дигар барои
«гирифтани савоб» ва «ба ҷаннат дохил шудан» ба ин
давлатҳо мераванд. Афсӯс, намедонанд, ки дар ин ҷо
манфиати дигарон аст. Ҳоҷаҳо оташ дар миён меафкананд ва
фақат мусулмон худро месӯзаду метарконад.
Дар хориҷи кишвар аъзои ҲНИ ташкилоти «Паймони
миллии Тоҷикистон»‐ро ташкил намуданд. Ин ташкилот
давомдиҳандаи фаъолияти ҲНИ бо номи нав мебошад.
Аъзои ташкилоти зикршуда бо ҳар роҳу усул, даъвоҳои
беасосу ғаразнок мехоҳанд, худро ҳомии миллат нишон дода,
обрӯю эътибори Тоҷикистони азизро бадном созанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки аъзои
ТТЭ ҲНИ ва «Паймони миллии Тоҷикистон» ғуломон ва
бозичаи дасти паноҳандагони хориҷианд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҲНИ бо номи Исломи ноб
амалҳои ношоистаи худро ба роҳ мемонад. Аз ин рӯ, дуруст

аст, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон террористӣ будани он
эътироф гардида, баста шуд. Барои гумроҳ нагардидани
ҷавонон бояд дар макотиб ба ин мавзӯъ аҳамияти бештар
дода, мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шаванд, то ояндаи
кишвари мо равшану беғубор бошад. Ҷавонон ба роҳи рост
ҳидоят шудаву бо ақли солими худ кору пайкор намоянд.

Related Posts

© 2023 ИА DURNAMO.COM-Новости Таджикистана и Центральной Азии.