Амалҳои нафратовари ҲНИ

Яке аз сабабҳои ба терроризму экстремизм пайваст шудани ҷавонон ин дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба дасти гурӯҳҳои манфиатдор афтодани онҳо мебошад. Барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби зараровар бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан, ҷавонон масъулият эҳсос намуданашон шарт ва муҳим аст. Ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошанд, набояд зудбовар, сода ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шаванд.

Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳувияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем. Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан, марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди инҳо ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди кишвар аст.

Мо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намуд маҳкум менамоем. Кӯшиш мекунем, ки донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ таҳсил намоянд ва дар оянда мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати Ватанро адо кунанд. Баҳри пешгирӣ аз вабои аср тамоми қувваю маҳорати хешро баҳри тарбияи ҷавонони арзандаи миллат равона менамоем. Онҳоро ба роҳи рост, донишандӯзӣ ва азбар намудани асосҳои донишҳои назариявӣ ва амалӣ равона месозем.

Related Posts

© 2023 ИА DURNAMO.COM-Новости Таджикистана и Центральной Азии.